Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ  бо ташкил намудани  ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пайваста нафарони корҷӯро аз ҳудуди вилоят барои кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз қабили  ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Си  Лу»  даъват мекунад. 

Ба иттилои масъулин барои таъмини кор ба ҷавондухтарону бонувон дар ин корхона вазифаҳои сардорон ва мураббиёни коргоҳи дӯзандагӣ, таъмиргари мошинаҳои дӯзандагӣ, назоратчии сифати либос ва дарзмолгар бо назардошти музди маоши аз 1250 то 3500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои дастгирии кормандон аз тарафи ширкат 20 кг орд, 5л равған, ҷой хоб ва роҳкирои ройгон таъмин карда мешавад.

Новобаста аз ин пешниҳодҳо аксари  корҷӯйён баъди як ду моҳи фаъолият корро тарк мекунанд. Азизода Баҳодурҷон Иброҳим, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Хатлон, иброз намуд, ки  барои ба кор таъмин намудани қисме аз корҷӯёни мардикорбозори шаҳри Бохтар бештар аз 10 нафар мардро дар ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Си Лу» ба кор таъмин карданд, вале баъди чанд ҳафта онҳо бо сабаби вазнинии кор ва маоши моҳона корро тарк карданд.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь