Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  51 иншооти  соҳаи маориф пурра ба соли нави хониш омода шудааст. Аз омодагии муассисаҳои  соҳаи маорифи ноҳия чанде пеш вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишондода Даврон ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон  Зиёдулло Абдулзода дидан карданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Ҳотамшоҳ Юсуфзода гуфт, бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, соҳибкорон ва волидон 51 иншооти соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ пурра ба соли нави хониш омода шудаанд.

Аз Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ хабар доданд, ки барои таъмири иншоотҳои соҳаи маорифи ноҳия аз ҳисоби буҷети ноҳия  имсол беш аз 1 миллиону 798 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 1 миллиону 655 ҳазораш маблағгузорӣ карда шудааст.

– Боқии маблағҳо рӯзҳои наздик ҷудо карда мешавад, – гуфтанд аз Раёсати молия.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳамчунин гуфт, дар ноҳия 48 мактаб, ду кӯдакистон, як гимназия фаъолият доранд. Дар назар аст, ки имсол беш аз 30 ҳазор хонанда дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар назди 10 муассисаи таълимӣ сохтмони 54 синфхонаи иловагӣ идома доранд, ки дар арафаи соли нави хониш чанде аз онҳо ба истифода дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь