Дар қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба иди омӯзгор баргузор гашта, як қатор омӯзгорон қадрдонӣ карда шуданд.

Чун анъана рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр дар тамоми гӯшаю канори кишвар иди касбии муаллимон – Рӯзи омӯзгорон бо тантана ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ чорабинии бошукӯҳ бахшида  ба иди омӯзгор гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон , муовинони раиси ноҳия , намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони собиқадори ноҳия, собиқ мудирони маориф ва омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.

Сараввал раиси ноҳия Нишонзода Даврон дар ин рӯзи фараҳбахш кулли омӯзгоронро бо иди касбиашон аз самими дил табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори пурнишот ва дар фаъолияти пуршарафашон муваффақиятҳои беназир таманно кард.

Баъдан  омӯзгороне, ки  дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд,  бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия консерти идона гузаронида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь