Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон раиси вилоят ба 10 оилаи ниёзманд ва ятим калиди хонаи истиқоматӣ туҳфа кард.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дируз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод. Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум мавриди истифода қарор гирифт.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ калидҳои хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои ниёзманд ва ятим супорид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь