Роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ барои бартарафсозии норасоии кадрӣ дар мактабҳо ва ҳавасмандсозӣ омӯзгоронро ба кор даъват карда, онҳоро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунанд.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ барои дарёфти омӯзгорони фанҳои забони русӣ (8 нафар), забони англисӣ (15 нафар), химия (3 нафар), физика (3 нафар), математика (5 нафар) ва технологияи иттилоотӣ (3 нафар) дар доираи ташаббуси раиси ноҳия Нишонзода Даврон, бинобар сабаби норасоии кадрӣ дар ҷамоати деҳоти 20-солагии истиқлол омӯзгоронро ба кор даъват карда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунад. Дар ин хусус аз Шӯъбаи маорифи ноҳия иттиллоъ доданд.
Гуфта шуд, ки ин иқдом дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ироа гардид.
Чанде пеш дар арафаи иди касбии омӯзгорон низ ба 30 нафар омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда буданд.
Масъулин ин иқдомро заминаи мусоид баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф кардани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои омӯзгорон ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон медонанд.