Аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳалии ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2025-ум барои таъмири муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ 3 миллиону 952 ҳазор сомонӣ ба нақша гирфита шудааст, ки аз он то имрзӯ 1 миллиону 331 ҳазораш ҷудо карда шудааст.
Худоидод Шарифҷонзода, як масъули Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз 3 миллину 951 ҳазор сомонӣ 2 миллиону 344 ҳазор сомонӣ дар соҳаи маориф мебошад, ки аз он то ин ҷониб 662 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.
– Барои соҳаи тандурустӣ бошад 1 миллиону 608 ҳазору ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 669 ҳазор сомониаш маблағгузорї шудааст, – илова кард ӯ ва гуфт, ки дар маҷмуъ барои ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби буҷети ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2025-ум 5 миллиону 27 ҳазор сомонӣ ба нақша гирфита шудааст, ки зиёда аз 1 миллиону 552 ҳазор сомониаш то имрӯз ҷудо гардидааст.