Баъзе аз  сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз надоштани маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ азият мекашиданд. Ин мушкили онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бартараф хоҳад шуд.

Менеҷери ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Дӯстӣ Бозор Шарипов  гуфт, ки ба хотири таҷлил аз ин ҷашни бошукуҳ бо дастгирии соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар манбаъҳои даромад дар се соли оянда сохтмони 7 бунгоҳи тиббӣ ва 2 марказӣ саломатӣ дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло сохтмони ду бунгоҳ ва 1 маркази саломатӣ бо маром идома дорад.

Манбаъ гуфт, дар ноҳияи Дӯстӣ ҳоло барои аҳолӣ 14 маркази саломатӣ ва 30 бунгоҳи тиббӣ хизмат мекунанд, ки аз онҳо 3 марказ ва 6 бунгоҳаш таъмирталаб ва дар ҷойҳои номувофиқ мебошанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар биноҳои онҳо таъмир ва аз ба ҷойҳои хуб кӯчонида мешаванд.

– Баъди бунёди чунин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мушкили сокинони ноҳияи Дӯстӣ бартараф шуда, шароит барои табобат ва гузаронидани сӯзандору беҳтар хоҳад шуд, – илова кард Бозор Шарипов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь