Дар ниҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 синфхонаи иловагиро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона, китобхона ва идораи директор иборат мебошад.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ Бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 3 утоқи корӣ буда, бо талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.