Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон қарзи ташкилоту идора ва дигар муштариён аз барқ ба 15 миллиону 564 ҳазор сомонӣ расидааст, ки қисми зиёди он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Муродалӣ Наҷимов дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз 15 миллиону 564 ҳазор сомонӣ қарзи барқ 8 миллиону 163 ҳазораш аз соҳаи кишоварзӣ, 5 миллиону 910 ҳазораш аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, зиёда 1,5 миллионаш аз аҳолӣ, 214 ҳазор сомонӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва 138 ҳазораш аз ташкилоту идораҳои буҷетӣ мебошад.
Ӯ қайд кард, ки бештари қарзҳо аз солҳои пеш буда, барои баргардониданаи онҳо ҳама чораҳо андешида шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 15627766 киловат соат барқи фоиданок ба маблағи 1662327,25 сомонӣ қабул карда шудааст.