Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон намоиши ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гашт, ки дар он  зиёда аз  1ҳазору 500 ҷойи нави кор ба корҷӯён пешниҳод карда шуданд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 20 январи соли 2023 дар нимсаро (вестибюл)-и Қасри фарҳанги ноҳия намошии ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар намоиш 21 корхонаву муассисаҳои ноҳия  135 ҷойи холии кор пешниҳод карданд.

Инчунин, дар ин  чорабинӣ шумораи ҷойҳои холии кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО Роғун зиёда аз 1200 ҷой, ҶС К “Текстил” Данғара Син Си Лу зиёда аз 200 ҷой пешкаши корҷӯён шуд.

Дар натиҷаи баргузории намоиш ба 8 корҷӯйи ҷавон дар соҳаи маориф ва хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳхат дода шуд, ки 3 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь