Масъулони ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки нақша доранд, дар оянда ба 200 нафар омӯзгор ва табиби ноҳия замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист диҳанд.
Раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон, имрӯз, 10 феврали соли 2023-юм, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта ба 30 нафар омӯзгори ноҳия замини наздиҳавлигӣ доданд.
– Ба масъулони шуъбаи маориф ва тандурустии ноҳия супориш додем, рӯйхати омӯзгорони ҷавон ва табибонро пешниҳод кунанд. Мо имкон дорем ба 100 омӯзгор ва 100 табиби дигар замини наздиҳавлигӣ диҳем, – гуфт раис. – Ин иқдом ба хотири аз байн бурдани норасоии омӯзгорон ва табибон дар муассисаҳои таълими ва соҳаи тиб ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтани онҳо амалӣ карда мешавад, – илова кард раиси ноҳия.
Блоки рекламавӣ