Сокини  ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ дар заминаи хусумат ба ҳамсараш  писарандари 4-солаашро бо бераҳмии хос ба қатл расонидааст. Дар ин хусус Офоқ Қодириён, корманди ВКД-и вилояти Хатлон, итиллоъ дод.

26-уми декабри соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ ҷинояти одамкушӣ ба вуқӯъ пайваст, ки мардуми ин маҳалларо ваҳшатзада кард.

Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Эсанов Субҳоналӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи мазкур бо худиқрорӣ ҳозир гашта, дар он хусус хабар дод, ки қаҳру ғазаби худро идора карда натавониста, дар заминаи муноқиша ва хусумат бо ҳамсараш, писарандари ноболиғаш Гадоев Самир, соли таваллудаш 2019-ро ба ҳалокат расонидааст.

Кормандони милитсия бо кормандони прокуратураи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади дар хун оғӯштаи тифлаки чорсоларо, ки бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуда буд, пайдо карданд.

Гумонбар Эсанов иқрор шуд, ки тибқи нақшаи таҳрезикардааш, бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум писаракро ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Боғистон, воқеъ дар суроғаи дар боло номбаршуда, оварда, ба сараш бо чӯб чанд маротиба зада беҳуш кардааст. Баъд чун мебинад, ки ноболиғ Гадоев С. ҳоло ҳам нафас кашида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо як бераҳмии махсус пойи худро дар қафаси синаи марҳум гузошта бо тамоми қувват зер мекунад ва боз бо чӯби дар даст доштааш чанд маротиба ба сару рӯяш мезанад, ки ноболиғ дар ҷойи ходиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

– Нисбати Эсанов Субҳоналӣ дар Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, кисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад, – изҳор дошт Офоқ Қодириён.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here