Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон то соли 2026 бунёди 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки алҳол ду адади он сохта ба истифода дода шудаанд.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Дӯстӣ Ҷурабек Идибекзода иттилоъ дод, ки дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” масъулони МИМҲД-и ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтанд, ки дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорон 28 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд кунанд.
Ӯ афзуд, ки танҳо дар соли 2022 бунёди 10 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 2 адади он – “Сехи истеҳсоли собун” ва корхонаи “Истехроҷи сангу шағал” ба истифода дода шуданд.
– Ҳоло дар 8 коргхоҳу корхонаи саноатии дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар назар аст, ки то моҳи июн чор адади он ба истифода шавад, – илова кард номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки азимтарин корхонае, ки дар ноҳияи Дӯстӣ сохта мешавад, ин корхонаи “Коргарди пахта, пахтатозакунӣ ва ресандагӣ” аст, ки он соли 2025 сохта шуда, 200 нафар сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, Ҷурабек Идибекзода қайд кард, ки дар ноҳия корхонаҳои “Ганҷи деҳа”, самти фаъолияташ истеҳсоли равған дар як сол 1350 тонна, сехи “Истеҳсоли орд”, корхонаи коркарди шир, корхонаи ҳасибарорӣ ва ба ин монанд даҳҳо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки баъди ба истифода додани онҳо беш аз 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.