Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 26 ҳазор хонанда дорад, ки то оғози соли нави хониш ҳамаи онҳо бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда мешаванд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода дар субҳат ба “Фараж” гуфт, ки тибқи нақша бояд  61 ҳазор либоси ягонаи мактабӣ барои 26 ҳазор хонандаи мактабҳои ноҳия бояд омада карда шавад.

Ба гуфти ӯ, то имрӯз 30 ҳазору 120 сари он омада карда шудаст, ки он 50 дарсади нақшаро  ташкил медиҳад.

Қайд карда шуд, ки барои омада кардани ин либосҳо бо корхонаҳои КД “Эргаш Султон”, КД “Фирдавсӣ”, ҶДММ “Зиком” шартнома баста шудааст, ки то рӯзи 15 августи соли ҷорӣ бояд пурра сару либос омада карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь