Тасмими воксинзанӣ шудани ҳамаи шахсони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус аз ҷониби Вазорати тандуруст ваҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ҳадаф аз воксинзанӣ “пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус” аст.
Дар ин эълон, ки рӯзи 25-уми июн нашр шуд, гуфта мешавад, ҳама афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе барои гирифтани воксин бояд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.
Мувофиқи иттилои «Радиои Озодӣ” Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя воксинҳои “Астразенека” ва “КоронаВак” гирифтааст. Мақомот аз бетаваҷҷуҳии сокинон ба гирифтани воксин нигаронӣ кардаанд. Тибқи иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 ҳазор нафар зидди коронавирус эм шудаанд.
Мақомот дар шароите ба воксинзании умумии сокинони Душанбе оғоз мекунанд, ки бемории КОВИД-19 дар кишвар дигарбора хуруҷ кардааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъд аз 10-уми январи имсол ҳамвора аз сабт нашудани ҳолатҳои гирифторӣ ба КОВИД-19 хабар медод, аммо рӯзи 21-уми июн хабар доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар чор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози беморӣ дар кишвар дар умум 13371 нафар сироят ёфтаанд ва 90 нафар фавтидаанд.