Имрӯз, 30-юми август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дар ноҳияи Сино бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 96-ро мавриди истифода қарор доданд.
«Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд карда шуда, дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфхонаи суруд ва мусиқӣ, синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ бо долони тайёрии машқҳои ҳарбӣ, синфхонаи нақшакашии техникӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо ва технологӣ, устохонаи умумии коркарди фулузу чӯб иборат мебошад.
Дар муассиса хуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуданд.
Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин гардидааст.
Ҳамзамон иншооти нав дорои ошхона бо 600 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 542,8 метри мураббаъ бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст мебошад.
Аснои шиносоӣ бо бинои нави «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 7 ошёна иборат буда, дорои 75 синфхонаи таълимӣ, 19 утоқи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо фарогирии 13 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, таълимӣ — методӣ ва сиёсӣ, 4 синфхонаи лексионӣ барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар ин коллеҷ аз рӯи 7 ихтисос мутахасс омода карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки қаблан шумораи кормандони ин коллеҷи хусусӣ 90 нафарро ташкил медод. Бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълим шумораи кормандон ба 200 нафар расидааст.
Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе» 912 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.
Дар идома, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 96 низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дар муддати ҳамагӣ як сол бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи мазкур аз се бинои чорошёна иборат буда, барои 1500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст ва бо 35 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхонаву дигар инфрасохтори зарурӣ дар он шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудааст.