Имрӯз, 11-уми март, дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Ин рӯз ба нашри аввалин шумораи рӯзномаи “Бухорои шариф” рост меояд, ки 11-уми марти соли 1912 нашр шуда буд.
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар он намояндагони роҳбарияти кишвар, рӯзноманигорон, таҳлилгарон ва аҳли адаб иштирок карданд.
Баромадкунандагон нақши муҳими матбуотро дар рушди кишвар таъкид карданд ва аз дастовардҳои журналистикаи тоҷик ёдовар шуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор рӯзноманигорони фаъол ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф манзур гардид.
Блоки рекламавӣ