Аз 21 то 31-уми декабри соли 2021 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва  дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд.

Дар ярмаркаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе»,  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон  ва ноҳияҳои тобеи марказ  маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди  ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Дар ярмарка аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ ва   ғайра бо нархи дастрас ва сифати хуб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь