Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии башардӯстонаи  “Международное добрососедство” дар Тоҷикистон лоиҳаи нави “Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ- инклюзивӣ”-ро ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, санаи 22-уми ноябр дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд.

Сарвари ташкилоти мазкур Фароғат Мирзоева дар маросими муаррифӣ баён дошт, ки “Лоиҳаи мазкур самтҳои афзалиятноки рушдро дар амал татбиқ намудани Технологияҳои Иттилоотӣ ва Коммуникатсионӣ (ТИК) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ ва 20 муассисаи таълимии ш. Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб ба нақша гирифта, мутобиқи мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумхурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ки яке аз принсипи асосии он саноатикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа равона карда шудааст.”

Талъат Нӯъмонов раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази иттилоотии комуникатсионӣ” дар рафти маросим баён дошт, ки дар доираи лоиҳа инкишофи дониши устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, донишҷӯён ва мактаббачагон вобаста ба барномаҳои Таҳсилоти Барвақтии Рамзгузорӣ (ТБР – Барномасозӣ), Пайтон (Python), Тиҷорати Электронӣ (e-commerce), Скрэтч (Scratch)-барномасози ба воситаи филмхои аниматсиони,таҳкими заминаи моддии муассисаҳои таълими иловагӣ, мусобиқаҳо, пешниҳоди кардани грантҳо ва омӯзишҳои мустақим бо Донишгоҳи пешрафтаи Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгории омӯзгорони мактаб, барномаҳои омӯзишии гуногун дар соҳаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ташкил карда, онҳоро бо маводҳои зарурии таълимӣ, монанди китобҳо, маводи методӣ, тестҳо, модулҳо барои дарс додан ва ғайра таъмин мешаванд. Ин фаъолият бо ҳамроҳии шарики рушд Ташкилоти Ҷамъиятии “Маркази технологияҳои иттилооотӣ-коммуникатсионӣ” (Маркази ТИК), ки дар Тоҷикистон зиёда аз 10 сол фаъолият мекунад, амалӣ мегардад.

Фаъолияти лоиҳа «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро” дарбар мегирад, хонандагон ва омӯзгорони беҳтарин дар асоси натиҷаи озмун  бо ноутбукҳои ҳозиразамон мукофотонида ва 3 донишгоҳи ҳадафӣ бо видеопроекторҳо таҷҳизонида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, омӯзгорони беҳтарин дар анҷоми лоиҳа ба Кореяи Ҷанубӣ бо мақсади сайқал додани дониши худ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ равона карда мешаванд.

Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба иштироки шаҳрвандии ҷавонон тавассути платформаи рақамии махсус ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғл дар ТИК тавассути омӯзиш ва тавонмандсозии касбӣ нигаронида шудааст.

Сино Эгамбердиев сарвари раёсати  Институти такмили ихтисоси омузгорони ҷумҳуриявӣ ҳангоми муҳокимаронӣ баён дошт, ки дар доираи Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф имрӯз дар шаҳри Душанбе  баргузории муаррифии лоиҳаи мазкур падидаи нек мебошад.

Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи мазкур- баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон аст.

Ҳамчунин оид ба беҳтар намудани таълими барномасозӣ дар мактабҳои деҳот зумрае аз иштирокчиёни мулоқот баён доштанд ва тасмими гирифта шуд, ки дар раванди татбиқи лоиҳа ки давоми се сол идома меёбад, фикру мулоҳизаҳо ба инобат гирифта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь