Бо ташаббуси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 25 то 30-юми март Чемпионати велосипедронии Осиё дар шоҳроҳ Душанбе-2022 баргузор мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, 5 марти соли 2022 қарори дахлдорро таҳти рақами №98 дар бораи баргузории Чемпионати велосипедронии Осиё дар соли 2022 ба имзо расониданд. Дар қарори Ҳукумати шаҳр дар бораи баргузории Чемпионати велосипедронии Осиё ва паралимпӣ дар соли 2022 сохторҳои шаҳрӣ муваззаф шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин мусобиқа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
Моҳи июни соли 2021 Рустами Эмомалӣ ҳайати расмии Конфедератсияи велосипедронии Осиёро таҳти сарварии президенти Конфедератсия Осама ал-Шафар ба ҳузур пазируфт, ки дар он мавзӯи баргузории мусобиқаи байналмилалии велосипедронӣ дар Душанбе ироа гардид. Ҷонибҳо имкони баргузории чемпионатро дар баҳори соли 2022 дар рузҳои иди Наврӯз баррасӣ карданд.
– Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои мо вазифаи афзалиятнок аст, зеро варзиш дар ҷаҳон забони муштараки мардуми кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар ба тарбияи солими насли наврас ва рушди варзиши велосипедронӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастур медиҳанд, ки мо дар рушди ояндаи ин намуди варзиш ва дигар намудҳои он дар ҷаҳон саҳмгузор бошем. Дар солҳои охир ва бахусус дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар рушди инфрасохтори шаҳр ва бахусус инфрасохтори роҳҳо саҳми арзанда гузоштем, ва ҳайати расмиро итминон месозем, ки шаҳри Душанбе ва инфрасохтори он, барои баргузории чунин чорабинии байналмиллалӣ дар сатҳи баланд мутобиқ ва омода мебошад, – иброз дошт Рустами Эмомалӣ .
Ба гуфтаи Озодхон Давлатшоев, президенти Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин аввалин чорабинии чунин сатҳ, на танҳо барои федератсияи мо, балки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Гузашта аз ин, ин нахустин чорабинии чунин сатҳи баланд дар Тоҷикистон пас аз давраи коронавирус аст, ки дар он дастаҳо аз 25 кишвари Осиё иштирок хоҳанд кард.
-Миннатдории худро ба раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои дастгирии бевоситаашон, ва ҷиҳати ҷалби тамоми ниҳодҳои давлатӣ оиди хизматрасонӣ дар Чемпионати Осиё баён намуда, бо шарафмандии комил иброз намуданд, ки тамоми инфрасохтори лозима, барои барузории Чемпионати Осиё дар Тоҷикистон аз ҷониби мутахасиссони Созмони байналмиллалии велосипедронӣ моҳи ноябри соли 2021 муоина гардид, ба тамоми стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгуй мебошанд. Имрузҳо мо ҳамаи кушишҳоро ба харҷ медиҳем, то чорабинии мазкур дар кишварамон дар сатҳи баланд баргузор гардад, гуфт раиси Федератсия.
Чемпионати велосипедронии Осиё аз соли 1963 инҷониб баргузор мегардад ва аз намудҳои варзиши велосипедронӣ дар трек ва дар роҳ иборат мебошад. Аз соли 2017 инҷониб мусобиқаҳои варзиши велосипедронӣ дар трек ва дар роҳ дар алоҳидагӣ баргузор мегарданд. Чемпионати велосипедронии Осиё дар кишварҳои Баҳрайн, Мянмар, Узбакистон, Малайзия ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардидааст. Чемпионати велосипедронии Осиё Душанбе -2022 дар Тоҷикистон шашумин мусобиқот хоҳад буд, ки дар он варзишгарони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд.