Дирӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз бедарак шудани кӯдаке дар шаҳри Душанбе хабар дода буданд. Гуфта мешуд, ки Микоил Саноеви 11-сола баъд аз зуҳри 16-уми ноябр аз хона баромада нопадид шудааст.

Имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ аз пайдо шудани ин кӯдак хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 15:34 , кӯдаки ноболиғ, шаҳрванд Саноев Микоил Маъруфович, санаи таваллудаш 13.10.2011, аз манзили истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баромада, ба самти номаълум ғайб задаааст. Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 17-уми ноябр, тақрибан соати 10:48, аз манзили истиқоматии холааш, воқеъ дар маҳаллаи Ориёнои ноҳияи Варзоб, ки ҳеҷ кас дар он ҷо зиндагонӣ намекунад, пайдо ва ба модараш шаҳрванд Исматзода Шаҳноза супорида шудааст.

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон хоҳиш кардааст, ки бо фарзандони худ муносибати хуб ва таълиму тарбияро дар сатҳи дуруст ба роҳ монанд.

Маълум шудааст, ки кӯдак баъд аз як нофаҳмӣ аз хона баромада ба самти ноҳияи Варзоб рафтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here