Китоби нави нависанда ва журналист Хуршед Атовулло бо номи “Ривояти дарвеш” дар нашриёти “Шарқи озод” дар Душанбе аз чоп баромад.
Дар ин китоб маҷмуи ҳикояҳои давраи ҷавонии нависанда ҷамъ оварда шудаанд, ки ба муносибати 50-солагии Хуршед Атовулло пешкаши хонанда мегардад.
Хуршед Атовулло ( Хуршедҷон Ниёзов) аз синни шонздаҳсолагӣ дар журналистика ва адабиёти тоҷик қаламфарсоӣ мекунад. Мавсуф муаллифи китобҳои “Зиндони зиндагӣ”, “Шабчароғи ёд”, “Пайванди пайкараҳо”, “Марги журналист”, “Хунро бо хун мешӯянд”, “Тӯмори андӯҳ”, “Санге ба гӯри Лайлӣ”, “Гули ишқ ва зодаи ашк” мебошад.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон аст.
Блоки рекламавӣ