Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор  мегардад. Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ин фестивал дар рӯзи 10 ноябри соли 2018 ба имзо расидааст ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории фестивали  мазкур тасдиқ  гардидааст.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории Фестивал   муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод карда буд, ки оши палавро  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад.

Ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд.

Тибқи иттилои коршиносони тоҷик,  дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва  палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндуӣ фарқ мекунад.  Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь