Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади решакан кардани ҳолатҳои бо худ гардонидани корду кастет, электрошокер, дастчӯбҳои оҳаниву резинӣ (бита) ва дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда аз ҷониби ноболиғону ҷавонон марҳилаи сеюми амалиёти «Корд»-ро роҳандозӣ кард.

Кормандони милитсияи пойтахт ҳамагӣ дар ду рӯзи амалиёти «Корд» 1 ва 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз хонандагону донишҷуён ва ҷавонон 16 адад корд, 1 адад табар, 1 адад дастачӯби резинӣ, 1 адад кастет ва 1 адад ниқоб, ҳамагӣ 20 адад ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира кардаанд.

Чунончӣ, дар рафти гузаронидани амалиёти мазкур аз ҷайби ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт кордҳо дарёфт ва мусодира карда шуд, аз ҷумла:

  1. Аз Хуваев Ёсинарофат Саидмуҳаммадович, 25.10.2006 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умед, хонаи 371, хонандаи синфи 7“а” МТМУ №16;
  2. Аз Маҳмудов Шаҳбоз Қурбонович, 23.10.2001 с.т., сокини ш. Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, бинои 22, ҳуҷраи 26, хонандаи синфи 11-и МТМУ №92.

Инчунин зимни баргузории амалиёт аз ноболиғон- хонандагони Коллеҷҳои касбӣ-техникӣ, ки қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, як адад табар ва як адад кастет дарёфту мусодира карда шуд, аз ҷумла:

  1. Аз донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи касбии техникӣ Баротов Абдуҷалил Аюбхонович 26.02.2003 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, бинои 47, ҳуҷраи 52, пеш бо моддаи 252 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 1 адад табар;
  2. Аз донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи касбии алоқа Саидов Ҳабибулло Орзубекович 03.08.2002 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, гузаргоҳи 3, хонаи 56, пеш бо моддаи 237 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 1-адад кастет.

Дар рафти баргузории амалиёт дар боғҳои фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахт аз ҷайби донишҷуёни зерин як ададӣ корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:

  1. Донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Шарипов Мансур Давлатмуродович 06.05.2002 с.т., зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, бинои 111, хонаи 36;
  2. Донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Шумқоров Ҷамшед 18.11.2002 с.т., зода ва сокини ш. Душанбе, кӯчаи Шаумяна, хонаи 67;
  3. Донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Гурезов Абдуҷаббор Абдуқосимович 20.03.1999 с.т., зодаи ноҳияи Фархор, сокини ш. Душанбе кучаи Фирдавсӣ, бинои 64, хонаи 43;
  4. Донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Асроров Бадриддин Хайриддинович 20.10.2001 с.т., зода ва сокини ноҳияи Темурмалик.

Илова бар ин шоми 01 ба 02 ноябри соли ҷорӣ амалиёти “Корд” дар ҷойҳои оммавии сайру гашти шаҳрвандон, аз ҷумла боғҳои фароғатӣ ва хиёбону гулгаштҳои пойтахт идома дода шуда, аз ҷавонон корд ва дигар предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз ҷумла, аз шаҳрвандон:

  1. Одинаев Шамсулло Одинаевич, 11.01.1983 с.т., зода ва сокини ноҳияи Восеъ, кӯчаи Навоӣ, хонаи 28, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, 1 адад корд;
  2. Сорбони Олимшо, 16.01.1991 с.т., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб, кӯчаи Чармгарон, хонаи 66, 1 адад корд;
  3. Давлаталиев Маъруф Шоқулоевич, 07.02.1994 с.т., зодаи ноҳияи Ишкошим, деҳаи Внуков, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Наврӯз, хонаи 2, 1 адад корд;
  4. Мирзоев Акмал Саидмуродович, 30.12.1987 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 36/3, хонаи 8, 1 адад корд;
  5. Шарипов Сомон Аскарович, 30.10.2000 с.т., сокини шаҳри Кулоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Зиракӣ, 1 адад корд;
  6. Гулонов Суҳроб Икромович, 09.07.1999 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Канорӣ, хонаи 6, 1 адад корд;
  7. Насриддинов Абумуслим Насриддинович, 1992 с.т., сокини ш.Душанбе кӯчаи Нахимов, бинои 64/15, хонаи 6, 1 адад корд;
  8. Эрназарова Ҳавасмо Орифовна, 20.03.1998 с.т., зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати Турдибобо дар дохили маркази дилхушии “Самира” 1 адад корд.
  9. Маҳмадсаиди Сафар, 21.09.1999 с.т., зода ва сокини Ш.Шоҳинӣ, вилояти Хатлон, 1 адад корд;
  10. Чалишев Анварҷон Ашрафҷонович, 26.09.1990 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Анзоб, хонаи 331, 1 адад корд;
  11. Забиров Рустам Ҷумабекович, 30.08.1989 соли таваллуд, зода ва сокини ш. Душанбе кӯчаи Борбад, 72/6, хонаи 13, як адад чубдаст (бита).
  12. Алиев Равшан Рафоатович, 03.05.1991 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, кӯчаи Ҳисор, бинои 31, хонаи 29, як адад ниқоби сиёҳ барои содир кардани ҷиноят.

Аз ибтидои амалиёт то ба имрӯз дар 3 марҳила аз санаи 12 октябр то 02 ноябри соли ҷорӣ дар умум аз 40 нафар шаҳрвандон (12 нафар хонандагони МТМУ ва Литсейю Коллеҷҳо, 6 нафар донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, 22 нафар ҷавонон) 41 адад силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда (32 корд, 1 табар, 2 кастет, 2 дастачуб, 3 электрошокер, 1 ниқоб) дарёфт ва мусодира карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь