Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, дар ояндаи наздик кӯчонида хоҳад шуд. Ин беморхонаи аз соли 1931 фаъолият дорад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати кишвар Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз, 4-уми феврал, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, дар атрофи беморхонаи мазкур биноҳои истиқоматӣ зиёд шудаанд ва дар ояндаи наздик кӯчонидани он ҳатмӣ аст.
– Беморхонаи мазкур дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе соли 1931 бунёд шудааст. Соли 2015 бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Душанбе аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Албатта шаҳр калон шуда истодааст, беморхона ба маҳаллаҳои аҳолинишин наздик шудааст. Бо маблағгузории ҳукумати шаҳр дар ҳаҷми 38 миллион сомонӣ бемористони сироятии кӯдакона дар паҳлӯи “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” сохта шудааст. Дар минтақаи “Гипрозем” як бемористони сироятии калони нимсохт, дар масоҳати беш аз 50 гектар, мавҷуд аст. Нақшаи сохтмонашро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пешниҳод кардем, бояд сохтмонаш оғоз гардад. Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳам тибқи нақша дар минтақаи “Гипрозем” барои 4 намуди бемориҳои сироятии калонсолон ду корпус месозанд, ки соли равон сохтмони корпуси аввалаш оғоз мегардад, – гуфт Зувайдзода М.