Як духтари 18-сола дар бозори Корвони Душанбе даст ба ғорати ҳамёни харидорон зада, аз як зан ба миқдори 5000 сомонӣ дуздӣ кардааст.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муроҷиат кардааст, ки 11-уми октябри соли равон, тахминан соати 10:30, ҳангоми дар бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷайбаш 5000 сомониро дуздидаааст.
Кормандони милитсия бо баргузор кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми ин дуздӣ дастгир карданд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Блоки рекламавӣ