Дар охирин рӯзи соли гузашта кормандони БДА ду садамаи марговарро ба қайд гирифтаанд, ки ронандаҳои мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» содир кардаанд ва боиси марги ду нафар шудаанд.

31-уми декабри соли 2018, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Ғайрат Сангинови 32-сола, истиқоматкунандаи кучаи Бобо Холмуродови шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бехатарии ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда пиёдагард,Ҳакимов Амриддини 62-соларо, ки роҳро аз тарафи чап ба тарафи рост убур мекард, зер кардааст. Дар натиҷа пиёдагард, Ҳакимов А.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин рӯз, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Хуршед Қобилови 33-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар километри 38-уми роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб, қоиддаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ҳангоми гаштан ба тарафи чапи роҳ, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда Тошхӯҷаев Акбархӯҷа, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бархурадааст. Дар натиҷаи ин садама мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Утбасаров Турдибой, соли таваллудаш 1950, истиқоматкунандаи ноҳияи Исфонаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон Утбасаров Фарҳод ва Утбасарова Муяссар истиқоматкунандагони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бистарӣ гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь