5-7 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меғ мефарояд. 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад, хабар медиад Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Инчунин 6-8 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши суст борон ва барфи тар ба амал меояд.
9 январ асосан ҳавои бебориш (0,0-0,5мм) дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст борон ва барф ба амал меояд. 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа хунук мешавад.