Дар ду рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ду ҷиноят аз тарафи ҷавонон рух додааст, ки ҳарду куштор буда, боиси марги ҷавонони 20 ва 23-сола гардидааст. Дар ин ба маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 17-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30, дар майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ даъво карда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки одуюмӣ ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дигари одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Ин ҷавон рӯзи 18-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:50, дар назди бинои маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхона 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь