Маъсуда Зиебоева, иҷрокунандаи директори филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Ғафуров, дар номинатсия “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда” ва Меҳриҷон Раҳматова, нозири пешбари Шуъбаи мониторинги молиявӣ, дар номинатсияи “Корманди беҳтарини Идораи фаръӣ” ғолиб дониста шуданд.

Ҷоизаҳо дар доираи озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” супорида шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ санаи 12.05.2023 сол дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Озмун аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХ) дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону”, бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон бори аввал дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

“Бонувони муваффақ ва роҳбарикунандаи Бонки Эсхата ифтихор ва намунаи ибрат барои кормандони нав ҳастанд, ки хушбахтона шумораи онҳо сол то сол зиед мегардад. Ба ин васила мо гуфта метавонем, ки дар пайравии гуфтаҳои Пешвои миллат, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа равона карда шуда, нақши занонро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мешуморанд, кору фаъолият менамоем” – иброз дошт Малика Алимбоева, Сардори Департаменти кор бо кормандони Бонки Эсхата.

Бояд қайд кард, шумораи умумии кормандони Бонки Эсхата зиеда аз 2000 нафарро ташкил намуда, 18% онҳо занҳои роҳбарикунанда мебошанд. Яке аз ҳадафҳое, ки Бонки Эсхата дар доираи рушди устувор пеша гирифтааст, ин баробарии гендерӣ аст, ки дар доираи он Бонк дар самти зиед гардонидани ҳиссаи бонувони роҳбарикунанда ва ташаккули захираи кадрҳо аз байни занон корбарӣ менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь