Роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мегӯянд, нақшаи қабули довталабонро барои соли таҳсили 2024-2025 беш аз 100 дарсад иҷро кардаанд. Ҳамчунин, имсол 58 шаҳрванди хориҷӣ низ донишҷӯ шудаанд.

Ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ Ибодзода Зарина Ҳабибулло рӯзи 12-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, изҳор дошт, ки нақшаи қабули довталабон дар соли равон ба Донишкадаи мазкур дар умум 942 нафарро ташкил дод.

-Теъдоди донишҷӯёни Донишкада барои соли таҳсили 2024-2025 дар умум 3315 нафар буда, 63,5% ё 2105 тан писар ва 1210 нафарашон (36,5%) духтар мебошанд. Шумораи донишҷӯён назар бар соли таҳсили 2023-юм 874 нафар бештар аст. Дар Донишкадаи мо, дар умум 126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малавӣ, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Нигерия мебошанд. Дар муқоиса бо соли гузашта дар Донишкада имсол 64 донишҷӯи хориҷӣ бештар қабул шудааст,-иброз дошт ректори Донишкада Ибодзода Зарина.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бинобар сабаби иштирок накардан дар машғулиятҳо 54 донишҷӯ, ки аслан дар курсҳои якум ва сеюм таҳсил доштанд, аз донишкада хориҷ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь