Дороии раиси  шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки чанд моҳ пеш ба ин мансаб таъйин гардида буд, танҳо як хона будаасту халос.

Раиси шаҳри мазкур Файзиддинзода Бунафша имрӯз, 10 феврал, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дороиаш танҳо як хона дар шаҳри Душанбе аст. Ӯ афзуд, ки дороии зиёд надорад.

Бояд гуфт, ки Файзиддинзода Бунафша пеш аз раиси шаҳри Левакант шуданаш  муовини раиси ноҳияи Данғара буд .

Раиси собиқи шаҳри Левакант Давлатзода Зарина низ дар яке аз нишастҳои матбуотиаш оид ба дороии худ чунин гуфта буд: «Ман як хона ва як мошин дорам, дар шаҳри Левакант бошад, иҷоранишинам».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь