Як гуруҳи донишмандон аз Олмон ва ИМА далелҳое пайдо карданд, ки эҳтимоли биоинженерӣ будани коронавирусро тасдиқ мекунанд. Дар ин бора ба шабакаи n-tv донишманди бемористони донишгоҳии Вюрсбург Валентин Бруттел, ки дар таҳқиқот ширкат дошт, гуфтааст.

“Натиҷаҳои таҳқиқоти мо нишон медиҳанд, ки ин вирус 99,9% нусхаи сунъии як вируси табиӣ аст”, – гуфт Брюттел.

Ба гуфтаи ӯ, вай дар тобистони соли 2021 аномалияҳоро дар геномҳои Sars-CoV-2 мушоҳида карда буд ва аз он замон ба омӯзиши пайдоиши он машғул аст. Донишманд тавзеҳ дод, ки онҳо дар геноми коронавирус як шакли мушаххасеро пайдо кардаанд, ки хоси вирусҳои синтетикӣ аст, дар ҳоле ки дар вирусҳои табиӣ блокҳо ба таври тасодуфӣ тақсим мешаванд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, SARSCoV-2 “бо эҳтимолияти баланд метавонист ҳамчун клони сироятӣ дар шароити лабораторӣ ҷамъоварӣ шуда бошад”.

Қаблан комиссия оид ба коронавируси маҷаллаи тиббии бритониёии Lancet гузориш дар бораи натоиҷи таҳқиқоти дусоларо нашр карда буд. Он эътироф мекард, ки COVID-19 метавонад дар лаборатория пайдо шуда бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here