Ду донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои идомаи таҳсил дар Ҷопон роҳхат гирифтанд. Инҳо Саврия Абдулҳаева ва Манижа Саидова мебошанд.
Донишҷӯёни мазкур дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Маҳорати нутқ”, аз фанни забони ҷопонӣ иштирок намуда, зинаи аввалро ишғол намуданд. Озмуни мазкур дар ду зина, ибтидоӣ ва болоӣ, доир шуд.
Саврия Абдулҳаева донишҷӯи бахши аввали Донишгоҳи мазкур буда, дар ихтисоси забон ва адабиёти хориҷӣ (тарҷумони забони ҷопонӣ) таҳсил менамояд. Ӯ дар зинаи ибтидоии озмун мақоми аввалро соҳиб шуд. Манижа ҳам дар ихтисоси мазкур мехонад ва донишҷӯи бахши сеюм аст. Донишҷӯи мазкур дар зинаи болоӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Маҳорати нутқ” 12 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳо иштирок намуданд. Ба ҷуз аз ду мақоми аввал, ҳамчунин, Шоҳида Абдураҳимова, донишҷӯи дигари ин донишгоҳ, дар зинаи болоӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Давлати Абдулло