Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нақша дорад, барои донишҷӯён бинои 9-ошёнаи хобгоҳ бунёд кунад.
Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин имрӯз зимини нишасти матбуотӣ қайд кард, ки норасоии хобгоҳ дар донишгоҳ аз мушкилоти калидӣ ба ҳисоб меравад.
– Аз ин рӯ, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳукумати вилояти Хатлон ва худи донишгоҳ дар маҳаллаи Дӯстии маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёди хобгоҳи 9-ошёна ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои лоиҳакашӣ хобгоҳи донишгоҳ идома дорад, – афзуд ректори донишгоҳ.
– Баъди бунёд шудани хобгоҳи нав мушкили донишҷӯён ҳал хоҳад шуд, – афзуд ӯ ва илова кард, ки айни замон донишгоҳи Бохтар як бинои хобгоҳ дорад, ки дар он беш аз 500 донишҷӯ дар шароити хуб иқомат доранд.