Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳиосби пурра таъмин нашудани нақшаи қабули донишҷуён дар соли таҳсили 2022-2023-юм 1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дидааст.
Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишгоҳи мазкур, дар нишасти хабарии ниҳодаш ба суоли хабарнигори “Фараж” дар бораи иҷроиши нақшаи қабули донишҷуён дар соли таҳсили 2022-2023 чунин посух дод:
– Иҷрои нақшаи қабули донишҷуён дар Донишгоҳ дар се ё чор давраи қабули такрорӣ бидуни Маркази милли тестӣ бештар аз 90 дарсад таъмин гардидаст. Аслан иҷро нашудани нақша дар зинаи магистратура ва докторантура мебошад. Бештар дар ихтисосҳои омор, фалсафа ва чанд ихтисоси дигар, ки довталаб кам доштанд, нақша иҷро нашуд, ки мабалағи таҳсил дар ин ихтисосҳоро кам кардем,-илова кард Давлатзода Сайфиддин.
Итилоъ дода шуд, ки ҳоло дар донишгоҳи мазкур аз руйӣ 71 ихтисос мутахассис омода карда мешавад ва шумораи умумии донишҷуёнаш 21 ҳазору 453 нафарро ташкил медиҳанд.