Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи боло бурдани шуғл ва такмили ихтисос дар минтақа бо ширкати мухобиротии Tcell тафоҳумнома имзо кард. Ин тафоҳумнома, ки 22-юми сентябри соли ҷорӣ ба имзо расид, нишондиҳандаи манфиати ҳамкориҳо дар самти расидагӣ ба нигарониҳои муштарак дар робита бо пеш бурдани сармояи инсонӣ аст.

“Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хостори пешбурди манофеи муштарак дар ростои рушди сармояи инсонӣ барои манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду муассиса мебошад”, изҳор дошт профессор, др. Суҳайл Нақвӣ, Ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.

Ба ҳайси як донишгоҳи таҳқиқӣ, ҳадафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба сармояи инсонӣ ва таъйини ҳадаф барои боло бурдани рақобатпазирии кормандони ширкати Tcell мебошад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ инчунин дар самти мутолеа ва ироаи тавсияҳо барои рушди фановариҳои пешрафта дар заминаи мудирияти захираҳои инсонӣ кор хоҳад кард.

Профессор, др. Суҳайл Нақвӣ, Ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (аз тарафи чап) ва Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати Tcell ҳангоми имзои тафоҳумнома.

“Ширкати Tcell аз имзо кардани ин тафоҳумнома дар самти рушди сармояи инсонӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле хушнуд аст. Ба ҳайси яке аз ширкатҳои мухобиротии пештози Тоҷикистон, мо талош хоҳем кард, ки бо ҳадафи пешрафти бештар таҳқиқоти худро дар ҷиҳатҳои мухталиф бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ идома диҳем”, таъкид кард Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell.

Ин тафоҳумнома дар ҳоле ба имзо мерасад, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ қаблан барои кормандони ширкати Tcell Барномаи омӯзишии амалӣ таҳия карда буд. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Мактаби тиҷорати Кембриҷ бо ҳадафи боло бурдани тавоноии ширкати Tcell дар муҳити баъди пандемия рӯи даст гирифта шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь