Рӯзи 14-уми август дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Маҳачқалъа (Доғистон, Русия) сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он 27 нафар ба ҳалокат расида, 75 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Наҷотдиҳандагон тавонистаанд сӯхторро хомӯш кунанд.
Нахуст дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Махачқалъа хабар дод, ки таркиш дар бинои хидматрасонии мошинҳо дар наздикии маркази тиҷоратии Globus рух додааст. Сипас, Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Ҷумҳурии Доғистон шарҳ дод, ки дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сӯхтор рух додааст. Майдони он 500 метри мураббаъ будааст.
Навори лаҳзаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар интернет пайдо шуд. Бар асари таркиш шишаҳои мошинҳои канори роҳ шикастаанд. Намояндаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Нафта 24» дар Маҳачқалъа гуфтааст, ки дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як нуқтаи хидмати мошин (автосервис) вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар ҳамон ҷо ғарамҳои селитра оташ гирифтаанд.
Муассиси нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Нафта 24», соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Ҳусейн Иброҳимов низ ин хабарро тасдиқ кард. Вай тавзеҳ дод, ки сӯхтор дар аввал дар анборҳои селитра сар зад.
Тавре як манбаъи «Известия» хабар додааст, бар асари ин ҳодиса дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 27 нафар кушта ва 75 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.