Пас аз 4 моҳи таърих қазияи таҷовузу қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия додгоҳӣ шуд, вале боз ба анҷом нарасид. Қарор буд, рӯзи 22-юми декабр охирин мурофиа доир гардад ва гумонбари ин ҳодисаи пурсарусадо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Мурофиаи додгоҳии Ҳувайдо Тиллозода дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд.

Хабаргузории “АП” бо такя ба гуфтаҳои Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, хабар медиҳад, “мурофиа аз соати тақрибан се оғоз гардида, 4 соат идома кард, вале боз ҳам мисли мурофиаҳои қаблӣ аз ҷониби ҳимоятгари гумонбар ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварда шуд. Ҳар баҳонае, ки ҷониби гумонбар пеш меоварданд, ҳимоятгари мо онҳоро бо далелҳо шарҳ медод ва рад мекард”.

– Дигар хаста шудам, ҳамаи он гуфтаҳое, ки аз ҷониби додрас садо медод, дар сарам ҷо карда наметавонистам, – гуфтааст Саидов.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мурофиа барои ҳимоят аз хонаводаи онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, бо шумули намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия омада буданд  ва умед буд, охирин мурофиаи додгоҳӣ мешавад.

Ҳоло бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамсари Саидов ҳам аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст ва мунтазири охирин ҷалсаи додгоҳӣ ҳастанд, ки бубинанд, додгоҳ дар баробари гумонбари ҳодисаи гӯшношуниди таҷовузу қатли духтари панҷсолаашон чӣ ҳукме содир мекунад.

Ҳодиса рӯзи 22 июли соли 2018 замоне рух дод, ки Ҳувайдои ғӯрамарг дар назди хонаашон дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад. Ҷасади ӯро субҳи рӯзи дигар дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии он маҳал пайдо кардаанд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори ваҳшиёна ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд. Он замон додгоҳи шаҳри Серпухово амр дода буд, ки Александр Сёмин дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.

Бо вуҷуди он ки Сёмин гуфта буд, “дар ин ҷиноят даст надорад”, додгоҳ гуфт, далелҳои пешниҳодкардаи муфаттишон возеҳ нишон медиҳанд, ки ӯ дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода даст дорад.

Падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов он замон рафти ҳодисаро чунин шарҳ дода буд: “Ҳамааш дар 5-10 дақиқа рух дод. Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар рафтааст. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд ва соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд”.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш, дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь