Додгоҳи шаҳри Маскав блогери тоҷик ва размандаи машҳури риштаи ММА – Чоршанбе Чоршанбиевро, ки ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мутаҳҳам мешуд, аз Русия хориҷ кард. Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости”-и Русия иттилоъ медиҳад. Ҳукми суд рӯзи шашуми декабр дар ҳузури худи варзишгар содир шуд.

Додгоҳ дар баробари ҳукми ихроҷ, инчунин варзишгари 26-соларо дар ҳаҷми 5000 рубли русӣ низ ҷарима намудааст.

Додгоҳ ҳукм намудааст, ки Чоршанбиев то вақти хориҷ карданаш аз хоки Русия дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта шавад.

Хотиррасон мешавем, ки пулиси шаҳри Маскав рӯзи 3-юми декабр ин варзишгари тоҷикро барои ғайриқонунӣ рондани нақлиёт ва баромадан ба пойга дар нақби Лефортовои Москва дастгир намуд. Гуфта мешавад, ки баъди қонуншиканӣ навори ин ҳолатро худи Чоршанбе дар шабака иҷтимоии “Instagram” паҳн намудааст.

Ба гуфтаи пулис, Чоршанбе шиносномаи ронандагии Русияро надоштааст.  Ӯ ба пулис шаҳодатномаи ронандагии дар Тоҷикистон додаро пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави Русия эътибори қонунӣ надорад.

Чоршанбиеви 26-сола зодаи шаҳри Хоруғ мебошад. Номбурда баъди хатми мактаб ба намуди варзишҳои каратэ, каратэ-киокушинкай ва пасон ба муҳорибаи омехта машғул шуд. Ӯ аз соли 2016 инҷониб дар Русия зиндагӣ мекунад. Размовари ҷавон узви созмони “Fight Nights Global” буда, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размкори кунунӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта (ММА) мебошад. Чоршанбиев дар байни ҳаводорон бештар бо лақаби “гурги Помир” маъруф аст.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь