Дирӯз дар Конибодом як нафар бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, дар кӯча ба ҷониби одамон тир кушодааст, ки дар натиҷа чанд кас ҷароҳат бардоштаанд. Шунидани чунин хабар Амрикои солҳои охирро ба ёд меорад, ки оташ кушодан дар кӯча аз силоҳ кори маъмулӣ шудааст.  

Маркази матбуоти ВКД хабард дод, ки рӯзи 30-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 00:05, ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом дар ҳолати мастӣ, бо баҳонаи бозпас овардани ҳамсараш, ҷавонзани 23-сола, ба хонаи истиқоматии падарарӯсаш, марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур, рафта, аз ҳиссиёти авбошӣ ба падарарӯсаш ва аъзоёни оила суханҳои қабеҳ гуфта, бо сими оҳанин шишаи дари даромадгоҳ, тиреза ва телефони мобилии номбурдаро шикастааст.

Баъдан, гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматиаш баргащта, бо силоҳи оташфишони тамғаи «Тула», қутраш 16-мм, (ки санаи 04.11.с.2019 барои истифода бурдан, нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштан рухсатнома дода шудааст) мусаллаҳ гашта, дар хонаи хоби худ 1-маротиба ба тарафи дари баромадгоҳ паронида, сипас, ба кӯча баромада, ба тарафи ҳавлиҳои №24 ва 52-и кӯчаи Ҳолматов рафтааст.

Ҳамсоягонаш ҷавонони 18, 24 ва мардони 28, 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пулотони ҳамин шаҳр овози тирро шунида, аз хонаҳои истиқоматиашон ба кӯча баромаданд, ки дар натиҷа гумонбаршаванда аз ҳиссиёти авбошӣ чанд маротиба ба тарафи онҳо тир холӣ кардааст. Нафарони дар боло зикргардида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 32 қисми 3, 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь