Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати варзиши сабуки Осиё, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар ҷараён дорад, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.
Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр партофта, соҳиби медали тиллои Чемпионат гардид. Зинаи дуюм насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров бори панҷум аст, ки қаҳрамони Осиё мешавад. Ӯ дар солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа ноил гардидааст. Мавсуф барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё дар соли 2003 низ мебошад.
Чемпионати варзиши сабуки Осиё дар Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Ҷопон бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.