Тайи чанд рузи охир деҳқонони ноҳияи Деваштич аз эҳтимолӣ нобудшавии кишти картошка шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо ҳашароти номаълуме картошкаро нобуд мекардааст.

“Ба таваҷҷуҳи Академияи илмҳо, Вазорати кишоварзӣ ва дигар ниҳоди дахлдор!

Дар картошказорҳои ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба таври ногаҳонӣ ва босуръати як офат пайдо ва паҳн шуда истодааст. Аз рӯи гуфтаи деҳқонхо кирми сабзранги номаълуме пайдо шудааст, ки ниҳоли картошкаро босуръат хурда нобуд мекунад. Деҳқонҳо намедонанд бо он чи хел муқобилият кунанд. Ягон дору фоида надорад ва то ҳол ягон доруи махсус ҳам нест!”, – менависад Бунёдҷон Пулодӣ, як сокини ноҳияи Деваштич.

Ӯ қайд кардааст, ки агар пеши роҳи ин мушкил гирифта нашавад, эҳтимол садҳо тонна картошка нобуд гардад. Ба гуфтаи деҳқонҳо ин гуна кирмро бори аввал мебинанд ва намедонанд бо ин ҳашарот чӣ гуна мубориза баранд. Аз ҳамин сабаб онҳо ҳаргуна доруҳоро истифода мебаранд, ки метавонад боиси нобудшавии кишти картошка гардад.

Оид ба ҳолати мазкур чанд намояндаи Вазорати кишоварзӣ ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо мушкилот ошно шудаанд. Дар ин баробар барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин кирм тавсияҳо низ додаанд.

Сардори муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии вазорати кишоварзӣ Зокиров Баҳриддин, ки бо гурӯҳи кории вазорат ба Деваштич сафар карда буд дар сӯҳбати телефонӣ ҳолати мазкурро чунин шарҳ дод:

– “Совка” ё худ “кирми тирамоҳӣ” мегӯянд. Ин кирми нав нест, балки доимӣ мебошад, ки аз сабаби тағйирёбии иқлим назар ба солҳои пешин имсол зиёд шуд.

Барои пешгирии ин мушкил мо ба ноҳияи Деваштич рафтем ва давоми се рӯз он ҷо будем. Ҳамчунин, барои пешгирӣ тавсияҳо додем”.

Зокирзода мегӯяд, ки “Совка” ба кишти картошка зарар нарасонидааст, аммо деҳқонҳои минтақа дигар гапро мегӯянд. Онҳо мегӯянд, ки кирми мазкур тавонист ба кишти картошка зарари худро расонад.

Ӯ инчунин қайд намуд, ки кирми мазкур натанҳо дар ноҳияи Деваштич, балки дар дигар ноҳияҳо низ пештар ба қайд гирифта шудааст.

“Кирми тирамоҳӣ асосан чанд намуди растаниро мехурад. Дар ноҳияи Деваштич асосан картошка аст. Бинобар ҳамин дар кишти картошка мушоҳида шудааст”, – иброз дошт Баҳриддин Зокиров.

Бо мақсади пурратар фаҳмидани ҳолати мазкур бо сардори раёсати Вазорати кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич Мирзо Мирзоев дар тамос шудем. Мирзоев низ мавҷуд будани “Софка”-ро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи ӯ онҳо дар бораи мавҷудияти ин кирм як ҳафта пеш огаҳ гардидаанд. Барои пешгирии ҳолати мазкур ба вилоят ва вазорати кишвоварзӣ муроҷиат кардаанд.

“Мо барои таҷриба дар чанд ҷойи алоҳида чанд намуд доруро бар зидди кирми мазкур истифода бурдем. Дар натиҷа доруҳоеро, ки тавонистанд таъсири худро расонанд, ба деҳқонҳо тавсия додем. Дар умум чор навъи дору бар зидди “Совка” пешниҳод гардидааст, ки инҳо Актара Макс, Актелик, Толстар ва Энжио мебошанд. Баъд аз истифодаи доруҳои мазкур кирм нобуд мешавад”, – гуфт Мирзо Мирзоев.

Аммо Анушервон Бақозода сокини деҳаи Хуҷаҳо, ки асосан бо кишти картошка машғул аст, мегӯяд доруҳои пешниҳодшуда низ натавонистанд “кирми тирамоҳӣ”-ро нобуд созанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Мирзоев аз Академияи илмҳо низ чанд намояда ба ноҳия омада, барои таҷриба намунае аз “Совка”-ро бо худ бурдаанд. Ӯ мегӯяд аз сабабе, ки дар ноҳия ғайр аз картошка дигар растании сабз намондааст, аз ҳамин сабаб ин кирм ба картошка гузаштааст. Чун “Совка” асосан дар растаниҳои сабз пайдо мешавад.

Деҳқонони ноҳия аз он нигарон ҳастанд, ки агар ҳарчӣ зуд пеши роҳи ин кирм гирифта нашавад, онҳо аз ягона маҳсули даромади худ низ маҳрум мешаванд. Дар ин баробар деҳқонони Масчоҳ мегӯянд “Совка” барои онҳо номи нав нест, балки онҳо бо ин ном ҳанӯз даҳ сол пеш ошно шуда буданд ва то ба ҳол наметавонанд бар зидди он ягон доруе тавсия диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь