Нисбати собиқ раиси дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Деваштич парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи Агентӣ нисбати Санатуллозода Суҳбатулло бо моддаи 247 (қаллобӣ) қисми 4 (қаллобие, ки…) банди “б”-и (ба миқдори махсусан калон содир шудааст) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ва тасдиқ шудани айбдоркунӣ парвандаи мазкур ба суд ирсол карда шудааст.

Гуфта мешавад, Санатуллозода Суҳбатулло дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр аз шаҳрванд “А” барои дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ дар чанд ҳолат дар маҷмуъ 102702 сомониро гирифта, ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь