17-уми июл дар идораи Кумитаи замини ноҳияи Деваштич ду фарроши идораи мазкур аз ҷониби сармутахассиси идораи Кумитаи замини ноҳия Саҳобиддин Мунвварзода ба тарзи мармуз кушта шуданд.

Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд бо нашри навор аз ҷойи ҳодисаи баъзе аз суолҳои вобаста ба ҷинояти мазкурро шарҳ додааст.

Чӣ тавре дар дар навори раёсат гуфта мешавад, аввалин шуда посбони идораи мазкур Раҷаббой Олимов аз куштор бохабар мешавад.

“Вақте хостам ба ошёнаи дуюм бароям, дар ними зинапоя баромада дидам, ки ҷасади болояш бо гилем пушонидашуда хоб аст. Ғайр аз ҷасад ва хун дар ҷойи ҳодиса ман боз бӯйи дудро фаҳмидам”, – нақл мекунад Раҷаббой.

Ба гуфтаи манбаъ сабаби куштори занҳо доштани хусумати шахсии Саҳобиддин Мунавварзода бо роҳбарият ва кормандони идораи кумитаи замини ноҳия мебошад.

Инчунин, дар навор гуфта мешавад, ки кушташудагон қурбониёни тасодуфӣ буда, ҳангоми содир шудани ҷиноят дар ҷойи ҳодиса ба ҳайси шоҳид пайдо шудаанд. Гуфта мешавад, ки гумонбаршуда Саҳобиддин Мунавварзода аз сабаби доштани хусумат ба баъзе ҳамкорон ва нишон додани тарс мехостааст ҳуҷраи ду утоқи кории идораи замини ноҳияро оташ занад. Ду нафар марҳум дар ҷои ҳодиса пайдо мешаванд ва гумонбаршуда ба хотири пинҳон кардани амали худ даст ба куштор мезанад.

“Мехостам раис ва як-ду нафари дигар ҳамкоронро тарсонам. Ба ҳамин хотир утоқро оташ задам. Вақте дуд баромад даррав оташро хомӯш кардам. Вақте аз ҳуҷра берун мешудам, як нафар аз фаррошҳоро дидам. Ба таҳхона фаромада кордро гирифта баромадам ва ӯро бо корд задам. Корди аввал задаамро дар хотир дорам боқимондаашро дар хотир надорам”, – мегӯяд гумонбаршуда Саҳобиддин Мунавварзода.

Маврид ба ёдоварист, ки ба нақли пайвандони фаррошон, якеи онҳо бо 11 зарби корд ва дигаре бо 13 зарби корд ба ҳалокат расидаанд. Аммо дар хабари Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд гуфта мешавад, ки қотил якеро бо 8 зарби корд ва дигариро бо 13 зарби кор куштааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 104-и Кодески ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва Саҳобиддин Мунавварзода ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь