Агентии мубориза бо коррупсия аз боздошти як корманди кумитаи заминӣ ноҳияи Деваштич хабар дод. Мустафоқулов Темур, муовини раиси кумитаи замин барои додани замин ба бародари шаҳрванд “А” аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ маблағ талаб кардааст.

“Номбурда бо маблағи қаблан гирифтааш қонеъ нагашта, аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон маблағи 20000 сомонии дигар талаб карда, аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта, боқимонда 7000 сомониро талаб кардааст”, – менависад хадамоти матбуотии агентӣ.

Мустафоқулов ҳангоми гирифтани 7000 сомонӣ маблағи дигар аз шаҳрванд “А” аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир мегардад.

Дар ин бора манбаъҳо аввали моҳи январ ба “Фараж” хабар дода буданд, вале масъулини кумитаи замин 10-уми январ дар сӯҳбати телефонӣ ин хабарро рад карданд.

“Оиди ҳолати мазкур нисбати Мустафоқулов Темур бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд”, – омадааст дар хабари агентӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь