Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон сару садоро дар мавриди узвияти донишҷӯёнаш ба созмони террористию экстремистии “Ихвон-ул муслимин” ва боздошташонро аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рад карданд, аммо гуфтанд, ки гумонбарон буданд.
Ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, донишҷӯёни гумонбар пурсида шуданд.
– Имрӯз бо назардошт ва таҳлили коршиносони мо ягон донишҷӯямон ба ягон гуруҳ шомил нест. Донишҷӯён пурсида, ҳамашон ҷавоб дода шуданд, – гуфт ректори ДДТТ Гулзода М.
Аммо Гулзода нагуфт, чанд нафар донишҷӯи ин даргоҳ ба узвияти созмони “Ихвон-ул муслимин” гумонбар дониста шуда буданд ва эшон чӣ амал карда буданд, ки зери шубҳа қарор гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, бо гумони ҳамкорӣ ва узвият дар созмони террористию экстремистии “Ихвон-ул муслимин” дар ҳудуди кишвар 113 нафарро боздошт кардаанд, ки миёни онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат низ шомил ҳастанд. Мақомот мегӯянд, вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. Коршиносон мегӯянд, шояд пойи чандин нафари дигар ҳам дар ин парванда кашида мешавад.