Роҳбарияти Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд шогирдонашон дар озмунҳои самти гуманитарии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори “Ифтихорнома” гардидаанд, аммо дар озмунҳои байналмиллалии ихтисосӣ мақомҳои якуму дуюмро касб мекунанд.
Ин нуктаро ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии Донишгоҳ иброз дошт.
– Ҳар сол дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни “Назарияи иқтисодӣ” баргузор мешавад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи мо ҷойи якум ё дуюмро мегиранд. Роҳбарияти Донишгоҳ иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалиро ҳамавақт дастгирии молиявӣ ва ҳавасманд мекунад. Нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳ имсол сад дар сад иҷро гардид. Дар Донишгоҳ 8156 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки тариқи шартнома 6613 нафар ва дар гурӯҳҳои буҷавӣ 1543 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, – гуфт ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим.
Гуфта шуд, ба хотири ҳавасмандгардонӣ ва тарғибу ташвиқи бештари донишҷӯён барои илмомӯзӣ, ҳар сол то 100 донишҷӯе, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд.