Соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 53 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм карданд, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 39 дарсад   зиёд аст.

Ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадалӣ Қурбонзода имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки хатмкунандагони соли 2024-ум аз рӯйи 2 зинаи таҳсил – бакалавр ва магистратура – имтиҳони хатмкунӣ супорида, рисолаҳои дипломӣ, хатм ва магистирӣ ҳимоя карданд.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4505 донишҷӯ, аз он ҷумла 1236 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 3074 нфар дар шуъбаи фосилавӣ, 105 нафар дар зинаи мустаҳқили магистратура хатм карданд.

Хабар дода шуд, ки натиҷаи сессияи имтиҳонӣ дар соли таҳсили 2023-2024 аз 6354 нафар донишҷӯ 5626 нафар дар давраи аввал комёб гарида, 728 нафар бо сабабҳои гуногун қарздор монданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь