Дар Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 371 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунад. Роҳбарияти Донишгоҳи мазкур мегӯянд, ки барои ҷалби бештари довталабони хориҷӣ барои таҳсил дар ДБЗХТ ҳамкориҳоро вусъат медиҳанд.

Ректори ДБЗХТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода имрӯз 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотии Донишгоҳ гуфт, дар соли 2024-ум 17 созишномаву шартномаро ба имзо расондаанд, ки як банди алоҳидаи шарномаву созишномаҳо вобаста ба табодули донишҷӯён ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба Донишгоҳ аст.

– Мо дар соли сипаришуда бо донишгоҳҳои Британияи Кабир-Оксфорд ва Кембриҷ вохӯрии маҷозӣ доштем. Моҳи январи соли 2025 бо Донишгоҳи Кембриҷ созишнома бастем ва бастани созишномаҳо бо Донишгоҳи Оксфорд ва Ирландияи шимолӣ мавриди корбарӣ қарор дорад. Довталабони Донишгоҳи мо, дар баробари забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Яъне, ҳангоми интихоби забон довталабон омӯзиши забони тоҷикиро дар зинаи аввал мегузоранд, баъдан забони англисӣ ва олмонӣ, – иброз намуд ректори ДБЗХТ профессор Жило Гулназарзода.

Гуфт шуд, тибқи нақшаи қабули ММТ дар соли таҳсили 2024-2025 ба ДБЗХТ бояд 1596 донишҷӯ ҷалб мешуд. Аз 1570 довталабе, ки ба Донишгоҳ дохил шудааст, 316 нафар буҷавӣ ва 1254 тан дар гуруҳҳои шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Нишондоди дохилшавӣ ба Донишгоҳ 98,5 фоизро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли таҳсили 2023-2024-ум 10 дарсад зиёд аст.

Тибқи иттилоъ, соли 2024 Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистонро 958 донишҷӯ хатм кардааст, ки аз ин ҳисоб 622 тан аз равияи омӯзгорӣ, 336 нафар ғайриомӯзгорӣ будаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь